Дил чанд клапан дора

Дил чанд клапан дора

Авто помощник

ИНТИЗОРИ ТУ БУДЕМ.ЭЙ МАХИ РАХМАТНАМО,
«ХАЙРА МАКДАМ»-ХОКИ ПОЯАТ ЧАШМИ ЧОНРО ТУТИЁ.
АЗ БАРОИ УММАТОН МЕРОСИ АЗ ОН МУСТАФО,
АЗ КУДУМАТ ОСИЁНРО МАХФИРАТ СОЗАД ХУДО.
ЧУМЛА ОЛАМРО НАМУДИ ГАРКИ РАХМАТ, РАМАЗОН.

ШУКРИ АЛЛОХ,ШОД ШУД АЗ ОМАДИ ТУ ХОСУ ОМ,
МУЪМИНОН ГАШТАНД ДАР МАСЧИД ХАМА СОХИБКИЁМ.
ХАМ ХУЗУЪУ ХАМ ХУШУЪУ ХАМ ТИЛОВАТ АЗ КАЛОМ,
НЕЪМАТИ БИСЁР МЕБАХШАНД АНДАР ВАКТИ ШОМ.
НЕСТ МОХЕРО ДИГАР ИН ХАЙРУ ВУСЪАТ, РАМАЗОН.

ЭЙ ТУРО БЕХАД БУВАД ИКРОМУ ФАЙЗУ ХОСИЯТ,
АВВАЛИ ТУ РАХМАТУ МОБАЙН БОШАД МАГФИРАТ.
ОХИРАТ ОЗОДИ ДУЗАХ МЕШАВАД СОХИБНИЯТ,
МОХИ ДИГАР НЕСТ БА ИН ГУНА КУРБУ МАНЗАЛАТ.
МАКДАМАТ БАР ЧАШМ, ЭЙ МОХИ САОДАТ, РАМАЗОН

ОФАРИДА БАХРИ ЧАННАТ ХАШТ ДАР ПАРВАРДИГОР,
ДОДА АЗ РАЙЁНУ ЁКУТАШ ШУЪОИ БЕШУМОР.
ЭД ДОРАМ ИН ХАДИС АЗ АХМАДИ РАФРАФСАВОР;
«РУЗИ МАХШАР ВО ШАВАД МАХСУС БОБИ РУЗАДОР»,
ЭЙ МАХИ ХАЙРИЯТИ РУЗИ КИЁМАТ, РАМАЗОН.

ЭЙ БА ХАККИ ХУРМАТИ МОХИ СИЁМИ ПУРФУТУХ,
ТАВБАИ МОРО БИКУН МАКБУЛ МОНАНДИ НАСУХ.
ХОСА ОН РУЗЕ,КИМЕГАРДАД ЧУДО АЗ ЧИСМ РУХ.
ТУ МАКУН ГАРКИ ГАЗАБ МОРО МИСЛИ КАВМИ НУХ,
ХОХАМ АНДАР ХОК ХАМ ЛУТФУ ИНОЯТ, РАМАЗОН

Э РАСУЛУЛЛОХ,ДАР МАХШАР ШАФОАТХОХИ МО.
ЧОЯАТОН ТАХТИ ШАФОЪАТ,ТОЧ АЗ НУРУ ЗИЁ,
АЗ САРИ ШАФКАТ БА ДАРДИ УММАТОН КАРДА ДАВО.
ЧАМИ «МО ЗОГ-АЛ-БАСАР»-РО ЧОНИБИ МАХЛАС КУШО,
НОМИ МОРО РАД МАКУН ВАКТИ ШАФОЪАТ, РАМАЗОН.

Дил чанд клапан дора

Дил чанд клапан дора

Дил чанд клапан дора

Замини сахти кӯҳистон дили нармам ато кардаст,
Дуруштам ҳар кӣ мехонад, хато андар хато кардаст.

Ба мисли кӯҳ якрӯям, ба сони чашма ҳақгӯям,
Чунин будам, чунин бошам, ки ин сонам худо кардаст.

Миёни кӯҳҳо бигрехтам аз дасти ҷабру зулм,
Ба ман торихи сангиндил ҷафо рӯи ҷафо кардаст.

Ҷудо будам зи ҳамхунон, ки бепул буд дарёҳо,
Сари кӯҳу сари чашма дилам аз ғам наво кардаст.

Умеду орзуям сӯхт монанди ҳинои санг,
Дубайтиву рубоӣ нолаамро бефано кардаст.

Видео:Нишонаҳои бемории сактаи дил (ИНФАРКТ).Скачать

Нишонаҳои бемории сактаи дил (ИНФАРКТ).

Яке гуфтӣ ту эронӣ, дигар гуфтӣ ту тоҷикӣ,
Ҷудо аз асли худ мирад касе моро ҷудо кардаст.

Ҷаҳон як рӯз метаркад зи оҳи пуршарори мо,
Ки бар тарки Ватан моро паёпай мубтало кардаст.
июли 1997

Дил чанд клапан дора

Бедарди дил касест, ки дилбар надоштаст,
Бедарди сар касест, ки худ сар надоштаст.

Бехештан касест, ки аз хештан нарафт,
Бедавлат он касест, ки модар надоштаст.

Бемазҳаб он касест, ки нашнохт шахси худ,
Беманзил он касе, ки сару бар надоштаст.

Хушбахт он касест, ки дар ҷодаи ҳаёт
Рашку ҳасад ба ёру бародар надоштаст.

Бадбахт он касест, ки дар арсаи талош
Як душмани ба хеш баробар надоштаст.
[1976]

Дил чанд клапан дора

Сухан вирди забонҳо буд, имрӯз аз даҳан мондаст,
Забони ноби тоҷикӣ бурун аз анҷуман мондаст.

Чу ҳар хору хасе даъвои шеъру шоирӣ дорад,
Дилам аз шоирӣ мондасту аз шеъру сухан мондаст.

Биё дар шаҳри холӣ, табъи олӣ, хошарӯбӣ кун,
Ҳунар аз осмон афтода помоли лаҷан мондаст.

Ҷавонони саодатманд масти банги бенангӣ
На шукри пирмардону на поси пирзан мондаст.

Агар ту настаран гӯӣ ба гӯшаш рестуран ояд,
Зи бас ин мулк дар чанги ду-се дузду чапан мондаст.

Куҷо мушти қавӣ, к-ин муштҳоро пушти сар тобад
Ки рӯзи халқ андар мушти муште муштзан мондаст.

Тарозу имтиёзе буд, ҳар гову харе балъид,
Тарози ҳол бесоҳиб – куланги гӯркан мондаст.

Ҳама аз дарди миллат ҳарф мегӯянду қатъи ҷанг,
Давоми ҷанг – баҳри ҷоҳ ҷанги тан ба тан мондаст.

Видео:Беморихои дилу рагхоСкачать

Беморихои дилу рагхо

Дигар чизе намонда, то дилат бо он биомезад,
Агар худро биёвезӣ, фақат як газ расан мондаст.

На аз худ на зи бегона умеди офият дорам,
Дилам аз дӯстон мондаст, ҳам аз хештан мондаст.

Муқимони Душанбе гӯиё андар ғарибиянд,
Дар ин шаҳри баҳорафшон басе байтулҳазан мондаст.

Дигар дар домани саҳро бисоти нуқлу май беҷост,
Ки хуни сад ҷавон дар домани дашту даман мондаст.

Чу ман мирам, дилам як зарраи ин хок хоҳад шуд,
Агар чанде дилам имрӯз аз ин халқу Ватан мондаст.

Читайте также: Ресивер 2170 16 клапанов под тросиковый дроссель

Бад-ин минвол агар тақдир бетадбир хоҳад буд,
Аҷаб набвад агар гӯянд Лоиқ бекафан мондаст.
30.01.1994 – Бемористони Қаряи боло

Дил чанд клапан дора

Дар рӯи ҷаҳонему надонем ҷаҳон чист,
Фарзанди замонему надонем замон чист.

То пир нагардем, нафаҳмем ҷавонӣ,
То хок нагардем, надонем нишон чист.

То ташна намонем, наҷӯем раҳи об,
То гушна намонем, надонем, ки нон чист.

То боре насӯзем, надонем, ки хомем,
То барг нарезем, надонем хазон чист.

Ношукрии мо бар намаки умр зиёд аст,
То ҷон набарорем, надонем, ки ҷон чист.
[1982]

Дил чанд клапан дора

На мову на ман ҳастӣ, ин мову маниҳо чист?!
Дандон зада бар дандон, дуниву даниҳо чист!

Аз хеш нарафтӣ дур, то хеши диле ёбӣ,
Бе мазҳаби худсозӣ ин худшиканиҳо чист?!

Аз хешпарастият бехештанӣ имрӯз,
Бе хеши дилу нийят, бехештаниҳо чист?!

Видео:Маьлумот дар бораи дили инсон. (ДИЛ)Скачать

Маьлумот дар бораи дили инсон. (ДИЛ)

Ҳар чӣ ба даҳан ояд, на зеби сухан ояд,
Дандони фаросат ку?! Ин бедаҳаниҳо чист?!

Бегонаписандият вайронаписандияст,
Бо толеъи бадфарҷом ин хушсуханиҳо чист?!

Як боғи пур аз имон якборӣ бишуд толон,
Ин решаканиҳо чӣ, ин тешазаниҳо чист?!

Бар пузаи зарде, к-ӯ аз дарди ту бедард аст,
Худ бодбадастӣ ту, ин бодзаниҳо чист?!

Гӯрат биканад ине, бар он фиканад оне,
Дар хоки худофармуд ин бекафаниҳо чист?!

Эй мардуми кӯҳамсол, Фарҳод бизой, охир,
То теша ба дастат не, ин кӯҳканиҳо чист?!
[1991

Дил чанд клапан дора

Дил чанд клапан дора

Гуиё аллома Лоик ин рузро дар назар дошта буданд.

Точикистон – мазҳари ман,
Сарзамини камзамин,
Ту саросар куҳсори,
Ту саросар сангзори,
Чунки фарзандони ту дар роҳи торихи дароз
Ҳар кучо рафтанд, муште хок бо худ бурдаанд.
Чунки фарзандони ту дар чустучуи бахти худ
Дар биёбонҳои тафсон дур аз ту мурдаанд.

Ҳар кучо рафтанд маҳчуру ғариб
Аз фироқат чуфти онҳо нолаю андуҳ шуд.
Ҷумла дар куи ғариби хок гаштанд эй дареғ,
Орзуҳошон дар ин чо санг басту куҳ шуд.

Ҳар кучо рафтанд онон
Ё ба Макка ё Мадина,
Ё ба ғурбат, ё тичорат,
Ё гуреза аз ҳама тазвиру кина,
Мушти хокатро ба киса ёдгори бурдаанд.
То агар рузе бимиранд аз қазо,
Дар ғариби бекасу беошно
Хоки ту бошад нишони охирин.
Точикистон! –
Сарзамини камзамин,
Хоки ту ин сон парешон гаштааст,
Бо ҳама хоки чаҳон ингуна ҳамсон гаштааст.
Хоки ту
Бо сари пуршури Деваштич то Бағдод рафт,
Он сари аз тан чудо,
Аз ту чудо
Бо дод аз бедод рафт.
Хоки ту
Бо сари Рахшона то Юнон расид,
Бо ҳазорон нолаю афғон расид.
Монд дар Табрез бо наъши Камол,
Бо Замин омехт, то шуд безавол.

Хоки Ҳиндустон зи Бедил дил гирифт,
Наъши у то човидон манзил гирифт.
Бурд Сино то Ҳамадон хоки ту,
Монд он чо мушти хоки поки ту.

Он қадар тоҷик чуста булъачаб
Хонаи иллаҳ ба саҳрои араб
Мурдаву хоки туро бо хеш бурд,
Колбадро то бад-он саҳро супурд.

Хоки ту ин гуна кам шуд, кишварам,
Инчунин аз ашк нам шуд, кишварам.
Ҳар қадар ки хоки ту барбод шуд,
Хоки дигар он қадар обод шуд.

Ин чи густохи? Маро маъзур дор.
Хоки ту кам шуд магар?
Хоки ту кам шуд ба миқдору
фарохотар ба арзу тул шуд,
Гарчи номат
Ҳамчу мулки куҳсорон дар чаҳон машҳур шуд.
Лек боке нест!
Баҳри он сангат зиёду куҳҳот
То бисози пайкара бар ёдгори он ҳама
Мардони пурҳасрат,
Ки хокатро парешон кардаанд.
Баҳри он мардон,
Ки номатро ба олам Точикистон кардаанд.
Пайкара чандон тароши, месазад
Баҳри он мардон, ки хокатро кунун зар кардаанд,
Кӯҳҳоятро барои арзи меҳру дусти
Ин замон озод минбар кардаанд.
[1975]

Дил чанд клапан дора

Видео:ТАПИШИ ТЕЗИ ДИЛ (ТАХИКАРДИЯ). САБАБИ ПАЙДОИШ #тапишитезидил #тахикардия #бемориидилСкачать

ТАПИШИ ТЕЗИ ДИЛ (ТАХИКАРДИЯ). САБАБИ ПАЙДОИШ #тапишитезидил #тахикардия #бемориидил

Дар Туркия китобе бо унвони
“Буюк турк файласуфи ва тиб
устоди ибни Сино шахсияти
ва асарлари ҳақида тадқиқлар”
чоп шудааст.

Бӯалӣ аз дасти туркон дар ба дар буд,
Кӯ ба кӯ буд.
Дар ҷаҳони танг ҳамчун фазлашон
Бо ҷаҳолат, бо разолат рӯ ба рӯ буд.

Лек боз аз дуру аз наздик
(Эй дунёи бӯқалмун, туфу бар гардиши ту!)
Бо ҳама лофу газоф,
Мерасад бар гӯши мо фарёду даъво
Аз куҷое фохирона, аз куҷое омирона:

Читайте также: Клапан вентиляции картерных газов хендай акцент тагаз

“Ҳаббазо!
Бӯалӣ фарзанди мо буд.
Бӯалӣ сарманшаи торихи мо буд.
Номи мо буд,
Нанги мо буд”. Ҳоказою ҳоказо.

Ман чӣ ҳам гӯям ба ин дарюзахоҳони бузургӣ,
Ки зи пуррӯӣ ҳама дар рӯ ба рӯи довари торих
Ҳар замон Торихро таҳриф месозанд.
Дар паноҳи як бузурги қавми дигар
Бенишониҳои худро дам ба дам таъриф месозанд.

Мавлавиро турк мегӯянд,
Турк меноманд ҳам Зардуштро
Бӯалиро турк медонанд.
Аз эшон аҷаб нест,
Ки худоро низ рӯзе турк мехонанд.

Ман чӣ гӯям, баски ҳатто ноқисулақле бидонад,
Ки паи даъвои Сино хилқати синоӣ бояд,
Ки зи як модар ду фарзанд ояд эй бас,
Аз ду модар лек як фарзанд н-ояд!

Ҳар бузурге аввалан фарзанди як модар,
Ҳар бузурге аввалан фарзанди як халқ асту пас
Ифтихори ҷумла насли одам аст.
Пушкин аввал шоири рус асту баъд
Шоири Ғарб асту Шарқ асту тамоми олам аст!

Бӯалӣ ҳам пеш аз он, ки Бӯалӣ Сино шавад,
Тифли ду гаҳвора не,
Тифли як гаҳвора буд.
Бӯалӣ ҳам пеш аз он, ки нодири дунё шавад,
Кӯдаки як модари бечора буд,
Дидаи таҳқиқ агар доред, хонед,
Гар намедонед то имрӯз, донед,
Номи ӯ Юлдуз куҷо?
Номаш Ситора будааст!

Кӯдаки Истора буд, ки рафт аз дунболи Хуршед,
Кӯдаки Истора буд, ки пар кушод
Дар фазои ҷовидон ҳамболи Хуршед.
Кӯдаки Истора буд, ки дар замин овора шуд,
Кӯдаки Истора буд, ки дар фалак Сайёра шуд!
[1982]

Дил чанд клапан дора

Дидори ту барои ман дидори зиндагист,
Ғамҳои ту барои ман ғамхори зиндагист.

Як ёди ту бас аст, ки ман зиндагӣ кунам,
Ёдат чу ёди бахт мададгори зиндагист.

Ду чашми ту бас аст, ки якумр бедареғ
Донам, ки ишқ нашъаи саршори зиндагист.

Аммо дареғи дигаре дурии мову туст, –
Дурии мову туст ё асрори зиндагист.

Мо як ниҳоли дутана-ҳамреша, дар ду боғ
Ин кори мову туст ва ё кори зиндагист?

Видео:Дард дар кафаси сина пешгири ва намуди беморихо.Скачать

Дард дар кафаси сина пешгири ва намуди беморихо.

Аз рахнае ба ҳамдигар наззора мекунем,
Зеро ки дар миёни мо девори зиндагист.

Дил чанд клапан дора

Эй нозиме, ки ҷуз мағал аз шоирит нест,
Ҷуз чанд лоф аз луғати модарит нест.

Дар шеър дод мезанӣ аз мардиву ғурур,
Дар зиндагонӣ заррае мардигарит нест.

Дар шеърҳот даъвии пайғамбарӣ зиёд,
Дар зиндагӣ бидуни шикоятбарит нест.

Аз қуллаҳои сар ба фалак ҳарф мезанӣ,
Аммо ба рези резаи он ҳамсарит нест.

Аз рӯди зиндагӣ басо бо пул гузаштаӣ,
З-он дар бисоти мисрае шӯроварит нест.

Бар ҳар даре, ки шеър барӣ, тард мекунанд,
Зеро ки бӯю накҳати шеъри дарит нест.
[1988]

Дил чанд клапан дора

Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун,
Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун!
Шамси ТабрезӣГарчи шуҳратманд чун Боми Ҷаҳонанд,
Кӯҳҳои мо ҷавонанд.
Аз замоне то замоне рӯзафзун
кӯҳҳо қад мефарозанд
зарра-зарра, зина-зина сӯи гардун.
Ҳар каси ноошно бо хилқати куҳсори мо
Авҷи солафзуни онҳоро намебинад, валекин
Дидаи таҳқиқ мебинад.

Миллати ман низ
бо нахустин шеъри дунё – бо “Авасто”
бо нахустин шоири дунёш – Зардушт,
бо ҳама фарҳанги рангин,
бо ҳама торихи дерин,
дар масири рӯзгори сахту сангин,
чун асири сарнавишти талху хунин
боз ҳам чун кӯҳҳои худ ҷавон аст;
боз ҳам мисли заминаш
пуртаҳаммул, пуртааммул, пуртавон аст.
Тай шуд айёме, ки дар рӯи замин
хуни ӯ
чун рӯдҳояш соҳати маҷро надошт,
рӯҳи дарё,
ақли дарё,
ҳикмати машҳури дунё дошт, лекин
ин қадар паҳно надошт,
Ганҷҳо дар сина пинҳон кӯҳсораш
дастбаста, пойбаста чун худи ӯ будаанд.
Аз тулӯи Октябр
Кӯҳсораш низ бо ӯ
бандҳо, занҷирҳо аз дасту по бикшудаанд.
Октябр хуни ӯро тоза кард,
Соҳиби сад шуҳрату овоза кард,
Кӯҳи ӯ бо ганҷҳои синааш озод шуд,
Рӯҳи ӯ бо ганҷҳои маънавияш,
бо ҳама ганҷинааш озод шуд.
Кӯҳи ӯ сар мефарозад сӯи боло,
Рӯҳи ӯ пар мекушояд сӯи дунё.

Ҷанги дирӯз –
Ҷанги пирию ҷавонии ҷаҳон,
Ҷанги кӯрию басират,
Ҷанги озодию таслиму асорат
ёд дорад то ҳанӯз:
Аввалин “гурзи гарони оташин”
аз дили куҳсори тоҷикон бурун ҷаст,
аз дили куҳсори тоҷик
дар дили душман нишаст,
Баъд аз он
муҳраи душман шикаст.

Читайте также: Не заводится ваз 2110 инжектор 8 клапанов с ключа зажигания

Кӯҳсори мисли мо оромтабъу хоксор
Рӯзи зӯромад барои ҳифзи кишвар
Ҳомили ин гуна лак-лак “гурзҳои оташин” аст.
Ҳар кӣ моро сода медонад,
Ҳар кӣ моро аз тағофул тарсу мехонад,
Ғояти кӯрист!
Маҳзи ҳомияст!

Боз имрӯз
Аз фарози гунбади Қасри Сафед,
К-аз сияҳкорон пур аст,
даст меёзанд сӯи гунбади ҳафт осмон;
боз мерезанд монанди тагарг
ҳамлаҳо, таҳдидҳо аз боми кайҳон
бар сари Модар-Замин.
(Оҳ, Эй Модар-Замин!
Оқ кун ин кӯдакони носипосу нохалафро,
ин ҳама бемоягони бесалафро!
Аз канори хешу аз оғӯши ҳастӣ дур кун,
ё сари вақт
пеш аз милодашон дар батни модар гӯр кун!)
Дар замин чун тирашон бар хок хурд,
баъд аз ин
бигрифта дар кайҳон камин
ин ҳама аҳли касофат
боз мисли сангҳои осмонӣ
бим мерезанду офат бар замин.
Боз мехоҳанд бо чандин баҳона
бар сари аҳли замона
осмонро ҳам фурӯ оранд
мисли деги посгона.

Боз мехоҳанд созанд аз мадори осмон
ин заминро бемадор.
Боз мехоҳанд дар саҳни фалак
чун дар замини захмдор
(Гарчи бе ин ҳам миёни ҷирмҳо
ахтарони наҳс бисёранд, мегӯянд. )
бо рокетҳо,
бо тамоми ҳомилаш ё омилаш
ахтарони наҳсро афзун бисозанд,
ахтарони саъдро вожун бисозанд.

Дил чанд клапан дора

Видео:СИЁҲ ШУДАНИ ДИЛ АЗ ЧӢ САБАБ АСТ?Скачать

СИЁҲ ШУДАНИ ДИЛ АЗ ЧӢ САБАБ АСТ?

Боз мехоҳанд бо Баҳром ҳамдастӣ кунанд,
дар замин пастияшон кам буд магар,
дар баландиҳои гардун сифлию пастӣ кунанд.
Боз мехоҳанд бефарзу яқин аз ҷаҳлу кин
наҳси кайвон рӯи ҳам резад ба айвони замин.
Боз мехоҳанд Рейган рақси кайҳонӣ кунад,
З-осмон аҳли заминро маҳву ҳайроне кунад.
Зӯҳраи раққосаро қоил кунад дар осмон,
Ҷумларо тобеъ кунад аз осмон то ресмон.
Лек кайҳон Голливуд не,
Ҷои рақсу бозӣ нест,
бурҷи Тираш ҳаст, аммо ҷои тирандозӣ нест.
Бурҷи Мизон ҳаст дар боло, ки фармояд:
Одамиро дар замин боястӣ мизони хирад!

Эй бадомӯзони ҷанг!
Оташафрӯзони ҷанг!
Гар Замин Модар бувад,
Осмон бошад Падар.
Бо Падар, бо Модари худ шӯру ҷанг?
Таъну лаъни ҷумла олам бар шумо,
Нанг бодо, нанг, нанг!
Бо чӣ рӯ аҳли заминро рӯхарошон кардаед?
Ин ҷаҳонро деги ҷӯшон кардаед?
Мисли вулқон оташафшон кардаед?
Дар муҳите як муҳити баҳрагире ҳам намонд,
Ҳеҷ оромӣ намонд Ором Уқёнусро
Дастҳотон,
чашмҳотон,
қалбҳотон,
балки аслу наслҳотон ҷумла хуноғуштаанд,
баски хун гирёндаед ин модари маъюсро.
Киштиҳои зериобитон муҷаҳҳаз дар камин, дар зери об
то барояд нақшаҳои шуматон бар рӯи об.
баъд кайҳон
ҷангҳо бо ахтарон,
ҷангҳо бо моҳу хуршед
бо ҳазорон навъи рокет.

Марг мекоред дар рӯи замин,
Марг меборед аз боми фалак,
боз меҷӯед дар худ чодари амну дифоъ;
чатри лазерӣ ҳамеҷӯед болои сари худ
баҳри савдои сари худ.
Аз кӣ метарсед?
Аз чӣ метарсед?
Балки чун худкардаро набвад даво,
Хешро аз хеш мехоҳед бахшидан раҳо?
Мисли он, ки як шабе Хоҷа Афандӣ
то бидонад хубию дилсӯзии ҳамсоягон
дод зад аз даҳшату ваҳми дурӯғин:
хонаам сӯхт!
хонаам сӯхт!
Одамон бо таҳлука ҷамъ омаданд,
лек дида хонаашро бегазанд,
ҷумла хандиданду рафтанд.
Шоми дигар ростӣ, ки хонааш сӯхт,
Хоҷа зад фарёди талх аз байни оташ:
Хонааи сӯхт!
Хонаам сӯхт!
Ҷумла хандиданду хуфтанд.

Осмон парвозгоҳи рӯҳи инсон аст,
Осмон сайёраи рӯҳи ниёгон, рӯҳи покон, рӯҳи бедори бузургон аст.
Ҳар касе, ки рӯҳи инсонро биранҷонид, инсонзода нест.
Баски мегӯянд мардум:
Ҳар касеро, ки худо зад, боз одам мешавад,
Ҳеҷ кас одам нахоҳад шуд, гараш арвоҳ зад.

Гарчи медонем мо
бо ҳазорон муҳру чак,
бо ҳазорон даъвии инсонпарастӣ
хешро андар ҳиҷоби гунагун
мекунед эълом аз баҳри башар пушту паноҳ,
лек мебинем дар ойинаи гетинамо
пузи хунини шумо.
Дар замин гар ахтари иқболи худ гум кардаед,
Ҳеҷ гаҳ онро намеёбед дар зимни само.

Бӯи хуну бӯи марг
бишнавӣ аз чор сӯи баҳру бар,
Алҳазар!
З-осмон ҳар лаҳза ояд бар замин бӯи хатар,
Алҳазар!
Тарсам аз гардун ба ҷои барфу борон
тир борад, марг резад бар сари аҳли башар,
Алҳазар!
Рӯзу шаб ҳушёр бош,
Эй замин, фарзона модар!
Рӯзу шаб бедор бош,
Осмоно, эй падар!

💡 Видео

Системаи гардиши хун.| Дил | Рагҳои хунгард.Скачать

Системаи гардиши хун.| Дил | Рагҳои хунгард.

ФАРЗАНДИ ШУМО НУҚСИ МОДАРЗОДИИ ДИЛ ДОРАД?Скачать

ФАРЗАНДИ ШУМО НУҚСИ МОДАРЗОДИИ ДИЛ ДОРАД?

ВЫДЕЛЕНИЕ дар занхо. Сабаби зиёд, ва бадбуй шудани он #выделиниедарзанхо #хаётисолим #сабабСкачать

ВЫДЕЛЕНИЕ дар занхо. Сабаби зиёд, ва бадбуй шудани он #выделиниедарзанхо #хаётисолим #сабаб

Маълумоти пурра оиди Сактаи дил (Инфаркт Миокарда)!Скачать

Маълумоти пурра оиди Сактаи дил (Инфаркт Миокарда)!

Хаста, хоболуд, бекувват. Сабаб дар чист. 5 Сабаби хастагӣ.Скачать

Хаста, хоболуд, бекувват. Сабаб дар чист. 5 Сабаби хастагӣ.

БИНЕД НАВОРИ ЗИНДА САНГИ ГУРДАРО ГИРИФТА.نوار زنده از گرفتن سنگ کلیهСкачать

БИНЕД НАВОРИ ЗИНДА САНГИ ГУРДАРО ГИРИФТА.نوار زنده از گرفتن سنگ کلیه

ДИЛИ ОДАМА ВАЗИФАША КИ МЕДОНА?Скачать

ДИЛИ ОДАМА ВАЗИФАША КИ МЕДОНА?

КардиоМагнил (барои беморихои дилу рагхо).Скачать

КардиоМагнил (барои беморихои дилу рагхо).

Ҳар дарде,ки ту дори у дарда маҳам дорм.“Yori dilozor” (m.d Audio 2006) اون درد رو منم دارمهСкачать

Ҳар дарде,ки ту дори у дарда маҳам дорм.“Yori dilozor” (m.d Audio 2006) اون درد رو منم دارمه

Факту далелҳои аҷоиб дар бораи организми инсон (дил, ҷигар, рагҳо, хоб, микробҳо, | Интересные фактыСкачать

Факту далелҳои аҷоиб дар бораи организми инсон (дил, ҷигар, рагҳо, хоб, микробҳо, | Интересные факты

рахмон дил дилСкачать

рахмон  дил дил

Дилбехузури.حالت تهوع.Тошнота.Скачать

Дилбехузури.حالت تهوع.Тошнота.

Вазифаи руда,дил ва дигар узвхои дохили-2Скачать

Вазифаи руда,дил ва дигар узвхои дохили-2

АРАҚИ БАҒАЛ (ТАГИ КАШ) 3 РОҲИ НЕСТ КАРДАН. #арақибағал #хаётисолимбоDrSamiraСкачать

АРАҚИ БАҒАЛ (ТАГИ КАШ) 3 РОҲИ НЕСТ КАРДАН. #арақибағал #хаётисолимбоDrSamira
Поделиться или сохранить к себе:
Технарь знаток